Ссылки доступа

Дар Туркманистон "маъракаи риштарошӣ" дубора оғоз шуд


Иллюстративное фото.

Мақомоти вилояти Лебапи Туркманистон иҷборан тарошидани риши мардон ва дар умум таъқиби онҳоеро дубора оғоз карданд, ки расму ойини исломиро пайравӣ мекунанд.

Дар шаҳри Туркманобод ва ноҳияи Фороб маъмурони пулис ва Вазорати амнияти миллии Туркманистон дар кӯчаву бозорҳо гашта, ҷавонон ва мардони то 60-солаи диндорро боздошт карда, ба шуъба мебаранд. Онҷо риши дастгиршудаҳоро иҷборан метарошанд ва онҳоро ба ҳамкорӣ бо "тундравони диниву ваҳҳобиҳо" айбдор мекунанд.

"Онҳо мардони ришдорро ҷосусони турк меноманд. "Шумо дар Туркия ду рӯз кор карда, инҷо аз расму ойини онҳо пайравӣ мекунед", - мегӯянд ба ришдорон", - гуфт як сокини вилояти Лебап, ки ба шуъбаи пулис интиқол ёфта буд. Ба гуфтаи ӯ, маъмурон боздоштшудаҳоро суханҳои қабеҳ гуфта, таҳқир мекунанд.

Бино ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, давоми рӯзҳои ахир риши садҳо мардро дар Лебап иҷборан тарошидаанд. Дар натиҷа сокинони маҳаллӣ ба далели тарс аз тақиб ихтиёран ришҳои худро метарошанд.

Мақомоти Туркманистон солҳои ахир мубориза бо мондани ришро пурзӯр кардаанд. Соли гузашта туркманистониҳои аз 20 то 55-сола ба иллати доштани риш ба ҳавопаймо роҳ намеёфтанд. Бештари онҳо маҷбур мешуданд, риши худро дар фурудгоҳ тарошанд.

XS
SM
MD
LG