Ссылки доступа

Қирғизистон аз Чин 500 дастгоҳи сайёри оксиген харид


Ҳукумати Қирғизистон аз Чин 500 дастгоҳи сайёри оксиген харидорӣ кард, ки 5 июл тавассути як ҳавопаймои махсус ба Бишкек интиқол дода шуданд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон, ин дастгоҳҳо бо 50 млн сом (беш аз 648 ҳазор доллар)-ре харидорӣ шуданд, ки сарвазири кишвар Қубодбек Боронов ҷудо карда буд.

Ба иттилои манбаъ, дастгоҳҳои мазкур дар беморхонаҳое тақсим хоҳанд шуд, ки мубталоёни коронавирус бистарӣ ҳастанд. Як қисми онҳо ба минтақаҳои Қирғизистон фиристода мешаванд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон пештар гуфта буд, ки дар ин кишвар дастгоҳҳои нафаси сунъӣ ва оксиген намерасад. Ба гуфтаи вазорат, онҳо ба 220 дастгоҳи нафаси сунъӣ ва 2300 дастгоҳи оксиген ниёз доранд ва гуфтугӯҳо барои хариди онҳо идома дорад.

XS
SM
MD
LG