Ссылки доступа

"Гаравгон"-и режими Назарбоев бо хонаводаш Қазоқистонро тарк кард


"Искандер Еримбетов — гаравгони сиёсии пешини режими Назарбоев дар озодӣ аст ва ба Швейтсария парвоз кард", - навишт раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи Open Dialogue Foundation Людмила Козловская 4 июл дар Фейсбук.

Козловская ҳамчунин аз рафти пешвози Еримбетову ҳамсар ва ду духтараш дар фурудгоҳи Женева аксу видео нашр кард. Наздикони Еримбетов дар шаҳри Алмато гуфтанд, ӯ ҳамроҳи ҳамсару ду духтари хурдсолаш, ки дар ватан буданд, ба Швейтсария сафар кард.

Наздикони Еримбетов аз посух ба суолҳо дар бораи он ки ӯ дар Швейтсария дархости паноҳандагӣ хоҳад кард, ё не, худдорӣ намуданд. Танҳо яке аз онҳо бо номи Асет Жаксибоев гуфт, ки Еримбетов барои табобат ба Швейтсария рафтаааст.

Вакили дифои Еримбетов - Жанара Балгабаева, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ аз ӯ ҳимоят мекард, гуфт, шахси зери ҳимояш сахт бемор аст. Ба гуфтаи вакили дифоъ, Еримбетов дар рафти тафтишот мавриди шиканҷаи сахт қарор гирифта, сараш осеб дидааст ва аз зиндон низ вайро ба иллати беморияш пеш аз муҳлат озод карданд.

Еримбетов бо айби "пулшӯӣ" зиндонӣ шуда буд. Гӯиё ӯ ғайриқонуни пулҳои БТА Бонки Қазоқистонро берун бурдааст. Вале созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва наздикони Еримбетов мегӯянд, мақомоти қазоқ ӯро ба хотири хоҳараш Ботагоз Ҷардемалӣ, ки дар Аврупо ба сар мебарад, таъқиб карданд. Ба гуфтаи волидони Еримбетов, муфаттишон мехостанд, Ҷардемалӣ, ки ба ҳайси ҳуқуқшиноси БТА Бонк ва мухолифи маъруфи қазоқ Мухтор Аблязов кор мекард, зидди Аблязов баёнот диҳад. Аблязов аз соли 2009 дар хориҷ ба сар бурда, бунёдгузори ҳаракати мухолифи "Интихоби демократии Қазоқистон" аст, ки бо қарори додгоҳ, ба рӯйхати гуруҳҳои мамнуъ шомил карда шудааст.

Мақомоти Қазоқистон ангезаи сиёсӣ доштани парвандаи Еримбетовро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG