Ссылки доступа

Бародарон Миралиевҳо дар азхудкунии $7 млн-и соҳибкори ӯзбек Ғафур Раҳимов айбдор мешаванд


Предприниматель Ойбек Миралиев с президентом Шавкатом Мирзияевым.

Додгоҳи Ӯзбекистон парвандаи бародарони соҳибкор -- Ойбек ва Элдор Миралиевҳоро баррасӣ дорад, ки дар азхудкунии 7 миллион доллари тоҷири маъруфи ӯзбек Ғафур Раҳимов айбдор мешаванд.

Ба гуфтаи айбдоркунандаи давлатӣ, гӯиё Миралиевҳо ба боварии Раҳимов ва хонаводаи ӯ даромада, ҷамъан 7 миллион доллар ва мошини гаронарзиши навъи "Mercedes-Benz Maybaсh"-и тоҷирро аз худ карда, ба ҳамсари Раҳимов - Лола Раҳимова ва хоҳари хурдияш Гузал Камолхоҷаева хисороти калон расонидаанд.

Вале вакилони дифои Ойбек Миралиев мегӯянд, тамоми айбҳои эъломшуда зидди шахси зери ҳимояи онҳо сохта мебошанд. Ба гуфтаи вакилон, "доираҳои манфиатдор бо зиндонӣ кардани Ойбек Миралиев мехоҳанд тамоми дороиҳои ӯро соҳиб шаванд".

Миралиевҳо соҳибкорони маъруфи ӯзбеканд, ки тиҷорати мурғпарварӣ дар Ӯзбекистонро дар даст доранд. Тибқи санадҳои дарёфтии бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ аз соли 2011, Ойбек Миралиев яке аз моликони корхонаи мурғпарварии "Сардоб Паранда"-и вилояти Навоӣ аст.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев соли 2017 аз маҷмааи мурғпарварии бародарон Миралиевҳо дар Тошканд боздид карда, онҳоро тавсиф карда буд.

XS
SM
MD
LG