Ссылки доступа

Австрия дар робита ба куштори мунаққиди Рамзан Қодиров ду касро боздошт кард


Вена

Пулиси Автсрия ду нафарро бо гумони даст доштан дар куштори блогери чечен Анзор Умаров дар наздикии Вена боздошт кард.

Ба иттилои хабаргузории австриягии АРА, маъмурони пулис шоми шанбе дар шаҳри Линтс зодаи 47-солаи Чеченистонро боздошт карданд, ки гумон меравад блогерро ӯ куштааст. Рӯзи якшанбе гумонбари дувум дастгир шуд. Вай дар маҳалли ҳодиса ҳузур дошт ва дар аввал ҳамчун шоҳид бозпурсӣ шуда буд. Вале муфаттишон дар баёноти ӯ тазодро мушоҳида карда, вайро дастгир карданд.

Анзор (Мамихон) Умаров аз сиёсатҳои президенти Чеченистон Рамзан Қодиров интиқод мекард ва борҳо гуфта буд, ки маъмурони хадамоти махсуси Русия дар куштори ҷудоихоҳони пешини Чеченистон дар Аврупо даст доранд.

Умаров шоми шанбе дар шаҳри Герасдорф аз ноҳияи сараш паронда шуд. Куштор дар назди даромадгоҳи ширкати сохтмоние сурат гирифт, ки дар маркази савдо ҷойгир аст.

Ба гуфтаи манбаъҳои APA, блогери кушташуда аз соли 2007 ба ин сӯ дар Австрия ҳамчун паноҳанда ба сар мебурд. Ӯ ахиран санади тағйири номаш ба Мартин Б.-ро дарёфт карда буд.

XS
SM
MD
LG