Ссылки доступа

Вазири пешини тандурустии Қирғизистон ба бозпурсӣ даъват шуд


Вазири пешини тандурустии Қирғизистон Космосбек Чолпонбоев барои бозпурсӣ ба Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии ин кишвар даъват шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии хадамот иттилоъ додааст.

Бозпурсӣ дар доираи парвандае сурат мегирад, ки зидди мансабдорони Вазорати тандурустии Қирғизистон барои фасодкорӣ ва ҳимояти манфиатҳои ширкатҳои алоҳидаи дорусозӣ боз шудааст.

Расонаҳо пештар хабар дода буданд, ки Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ бо дастури президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков баргузории озмун барои харидории лавозимоти муҳофизатӣ ва ниқобҳои тиббиро дар моҳи феврали соли равон таҳқиқ кард. Бар асоси хулосаи тафтишот зидди мансабдорон парванда боз гашт.

Рӯзномаи “ПолитКлиника” 1 июл бо нашри як матлаб навишт, ки мақомоти тандурустии Қирғизистон аз вазъи изтирорӣ сӯистифода карда, ниқобу либосҳои муҳофизатиро 10 баробар гаронтар аз нархи бозор харидаанд.

Тавре рӯзноманигорон муайян кардаанд, ширкати "Фарватер" ниқобҳои тиббиро бо нархи 400 сом (ҳудуди 5 доллар) дастрас кардааст. Дар ҳоле ки ин ниқобҳоро дар Бишкек метавон бо нархи аз 30 то 150 сом харид. Ниқобҳои якдафъаина 25-сомӣ харидорӣ шуда, дар ҳоле ки дар бозор 10 сом фурӯхта мешавад. Дастгоҳҳои нафаси сунъӣ низ гаронтар аз нархи бозор харидорӣ шудаанд. Як дастгоҳи нафаси сунъиро мақомоти қирғиз 2,5 миллион сом харидаанд. Дар ҳоле ки он дар фурӯшгоҳҳои интернетӣ 1 миллион сом арзиш дорад.

XS
SM
MD
LG