Ссылки доступа

Эътирози инфиродии фаъоли мадании қазоқ бо талаби афви қарзи сокинон


Фаъоли маданӣ, рӯзноманигор ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистон Ҷонболат Мамай 6 июл дар назди ёдгории Истиқлоли шаҳри Алмато даст ба эътирозии инфиродӣ зада, як қатор талабҳои сиёсии худро ба мақомот ироа кард.

Ӯ дар даст лавҳаеро дошт, ки дар он навишта шуда буд, "Қарзҳо афв шаванд! Заминҳо ба хориҷиён фурӯхта нашаванд! Озодӣ ба Макс Бокаев!". Ин шиорҳое буданд, ки иштирокдорони тазоҳуроти 6 июн дар даст доштанд ва пулис он рӯз ҳудуди сад тазоҳургарро боздошт карда буд.

Муовини сардори идораи сиёсати дохилии шаҳрдории Алмато Айдар Есенбоев Мамайро огаҳ кард, ки барои баргузории иқдоми эътирозияш ним соат вақт дода шудааст ва ӯ бояд фосилаи иҷтимоиро ҳам риоя кунад.

Мамай гуфт, барои он афви қарзҳоро талаб дорад, ки миллионҳо қазоқистонӣ дар натиҷаи ҳамагир шудани коронавирус даромади худро аз даст додаанд ва карантини дуҳафтаинае, ки мақомот аз 5 июл ҷорӣ карданд, вазъро бадтар менамояд.

Ёдрас мешавем, ҳафтаи гузашта гуруҳи сенаторҳои амрикоӣ низ аз президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев раҳоии Макс Бокаевро талаб карда буданд. Макс Бокаеви 46-сола барои ташкили эътирозҳо зидди ислоҳоти соҳаи замин дар Қазоқистон соли 2016 боздошт ва панҷ сол зиндонӣ шуд.

XS
SM
MD
LG