Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон дугоникҳои ба ҳам часпида баъди 10 рӯз фавтиданд


Дугоникҳои ба ҳам часпида, ки рӯзи 27 июн дар шаҳри Самарқанд таваллуд шуда буданд, баъди даҳ рӯз фавтиданд. Дар ин бора Вазорати тандурустии Ӯзбекистон дар Telegram иттилоъ додааст.

Дугоникҳо 29 июн ба хотири норрасоии нафас ва кори номуътадили дил ба бемористони бисёрсоҳагии кӯдаконаи вилояти Самарқанд интиқол дода шуда, зери назорати доимии мутахассисони ботаҷриба қарор доштанд.

Дугоникҳоро бо роҳи ҷароҳҳӣ аз шиками модарашон берун оварда буданд. Онҳо як бадан, ду даст, ду по, як дил ва чаҳор гурда доштанд.

Таваллуди дугоникҳои дорои як ҷисм падидаи нодире аст. То ин замон дар Ӯзбекистон таваллуди чунин дугоникҳо сабт нашуда буд.

XS
SM
MD
LG