Ссылки доступа

Дарҳои осорхонаи Луври Порис баъди 4 моҳ дубора боз шуданд


Лувр
Лувр

Осорхонаи Луври шаҳри Порисро, ки моҳи марти соли равон ба иллати коронавирус баста шуда буд, дубора боз карданд.

Вале дар осорхона чанд муддати дигар низ баъзе аз маҳдудиятҳо боқӣ мемонанд. Ворид шудан бидуни ниқоб манъ буда, шумори тамошобинон ва ҷойгиркунии онҳо дар толорҳо сахт назорат мешавад.

Лувр, ки аз 13 март баста шуда буд, тақрибан 40 миллион евро зарар дидааст. "Шонси мо омад, ки осорхона давлатӣ аст", - изҳор дошт мудири осорхона Жан-Люк Мартинес.

Рӯзи душанбе дар назди осорхонаи мазкур роҳбаладони ҷаҳонгардон даст ба эътироз зада, гуфтанд, мақомот барои дастгирии кормандони соҳаи ҷаҳонгардӣ ба андозаи кофӣ талош намекунанд.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон моҳи июн аз "пирӯзии нахустин" бар коронавирус хабар дода буд. Вале маҳдудиятҳое, ки дар ин кишвар роҷеъ ба коронавирус ҷорӣ шудаанд, ҳанӯз бекор нагаштаанд.

XS
SM
MD
LG