Ссылки доступа

Дар Қазоқистон комиссияи махсус сабаби фавти беш аз 110 мубтало ба коронавирусро меомӯзад


Вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Сой 7 июл дар нишасти хабарӣ гуфт, дар давоми як ҳафтаи ахир 76 кас бар асари коронавирус ҷон бохта, комиссияи махсус беш аз "100 ҳолати марг"-и дигарро меомӯзад.

"Дар як ҳафта 76 ҳолати фавт сабт кардем. Ҳоло боз 110 ҳолати дигарро баррасӣ дорем. Яъне, комиссия омӯхта истодааст, ки беморон бар асари кадом беморӣ фавтидаанд", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи вазир", комиссия ба иллати афзоиши маргу мир наметавонад, ҳамаи маълумот дар бораи ҳолатҳои фавтро сари вақт омӯзад. "Пештар рӯзона як ё ду ҳолат буд. Ҳоло шумори ҳолатҳои марг бештар шудааст", - афзуд вазир.

Вазири тандурустии Қазоқистон изҳор дошт, ки ба иллати бемор шудани бархе аз аъзои комиссия ҳоло маҷбур шудаанд, хабарҳо дар бораи ҳолатҳои фавти сокинон бар асари коронавирусро дар ҳафта танҳо як бор нашр кунанд.

Шумори умумии мубталоён ба коронавирус дар Қазоқистон то ба имрӯз расман ба 49,6 ҳазор расида, то ҳол 264 кас ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG