Ссылки доступа

Шаҳрвандони Русия иҷозати тарки Тоҷикистон бо мошинҳои худро дарёфт карданд (видео)


На таджикско-узбекской границе. Фото сайта "Фергана.ру"

Шаҳрвандони Русия, ки чанд ҳафта мешуд, дар марзи Тоҷикистон бо мошинҳои худ боз шудани роҳҳоро барои баргашт ба ватан мунтазир буданд, иҷозати убур аз қаламрави Ӯзбекистону Қазоқистонро дарёфт карданд.

Дар номаи вазири умури хориҷии Тоҷикистон омадааст, ки 686 дорандаи шиносномаи русӣ метавонанд кишварро тарк кунанд. Дар робита ба ҳамаи шартҳо созиш ҳосил шуда, мақомоти рус дар ин замина бо ҳамтоёни ӯзбеку қазоқи худ низ гуфтугӯ кардаанд.

Аксари ин дармондаҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд, ки шиносномаи русиро дарёфт кардаанд. Онҳо дар миёнаҳои моҳи июн бо мошинҳои худ ба назди марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон рафта буданд.

Шаҳрвандони дармонда пештар гуфта буданд, бо вуҷуди ташкили парвозҳои махсуси ҷониби Русия барои интиқоли шаҳрвандонаш ба ватан боз шудани роҳи заминиро мунтазиранд, зеро пули билет - 400 евроро надоранд.

XS
SM
MD
LG