Ссылки доступа

Баъзе аз фурӯшгоҳҳои Бишкек дарҳои худро дубора бастанд


Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон як қатор марказҳои савдо ба далели бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар фаъолияти худро қатъ карданд.

Марказҳои савдои "Дордой Плаза" дарҳои худро ба рӯи муштариён аз 8 то 19 июл мебандад. Дар ин рӯзҳо танҳо ҳипермаркети "Фрунзе" ва бахши "Демир бонк" дар фурӯшгоҳи мазкур фаъолият хоҳанд кард.

Фурӯшгоҳҳои саҳомии "Asia Mall", "Технопарк" ва бозори мошини "РИОМ" ҳам тасмим гирифтаанд, ки то беҳтар шудани вазъ дарҳои худро банданд. Дари онҳо кай дубора боз мешавад, маълум нест.

Мақомоти Қирғизистон вазъи эпидемиологӣ дар кишварро, ки баъди бекор кардани карантин шумори мубталоён ба коронавирус афзоиш ёфт, вазнин арзёбӣ мекунанд. Ҳукумат аз сокинон даъват дорад, ки бе зарурат аз хона берун нараванд ва меъёрҳои беҳдоштиро риоя кунанд.

XS
SM
MD
LG