Ссылки доступа

СММ: ҳамлаҳои ҳавоии Русияро метавон ҷиноятҳои ҳарбӣ номид


Коршиносони СММ мегӯянд, ҳавопаймоҳои низомии Русия ва ҳукумати Сурия дар вилояти Идлиб ба мактаб, беморхона ва бозорҳо як қатор ҳамлаҳоро анҷом додаанд, ки мешавад онҳоро ҷинояти ҳарбӣ номид.

Дар гузориши комиссияи мустақили байналмилалии СММ оид ба таҳқиқи ҳаводиси Сурия омадааст, дар натиҷаи бомборони неруҳои ҳукуматӣ пеш аз оташбаси моҳи март садҳо одам ҷон бохта, ҳудуди як миллион нафар маҷбур шуданд, хонаҳои худро тарк кунанд. Гузориш, ки давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то июни соли 2020-ро дар бармегирад, дар асоси парвозҳо ва гуфтаи шоҳидон таҳия шудааст.

Комиссия ҳамчунин дар ҳамла ба минтақаҳои аҳолинишини шимолу ғарби Сурия гуруҳи "Ҳаёт Таҳрир аш-Шом"-ро айбдор кардааст. Ба гуфтаи коршиносон, ҳамлаҳои гуруҳ ба минтақаҳои аҳолинишин "бидуни ҳадафи возеҳи қонунии ҷангӣ" анҷом шудаанд. Ҷангҷӯёни гуруҳ ба шиканҷа ва қатли асирон ҳам айбдор мешаванд.

Ба гуфтаи раҳбари комиссия Пауло Пинейру, гуруҳу созмонҳои рӯ ба ҳукумати Сурия, ки аз сӯи СММ террористӣ эълом шудаанд, қонунҳои ҷанг ва ҳуқуқи шаҳрвандонро сахт поймол кардаанд. Дар гузориш 52 ҳамлае зикр шудааст, ки 42-тоашонро неруҳои ҳукумати Сурия бо дастгирии низомиёни рус анҷом додаанд.

XS
SM
MD
LG