Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон хонаҳои баъди обхезӣ бунёдшударо тахриб мекунанд (видео)


Мақомоти ноҳияи Мирзоободи вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон баъди дидан кардан аз ҷараёни сохтмони манзилҳои баъди рахнаи садди обанбори Сардоба тахрибшуда, фармон доданд, ки пойдевори 8 манзил вайрон карда шавад.

Дар натиҷаи садди рахнаи обанбор рӯзи 1 майи соли ҷорӣ дар деҳаи Солин 62 манзил комилан вайрон шуд. Соҳибони манзилҳо бо дарёфти наздики 4 ҳазор долларии ҷуброн ба сохтмони манзилҳои нав шуруъ карданд. Мақомоти ноҳия нахуст ба сохтмони манзилҳо иҷозат доданд, аммо баъдтар бо такя ба нақшаи кул сокинонро ба минтақаи дигар кӯчониданд.

Ҳамид Абдуллоев, раиси ноҳияи Мирзоободи Ӯзбекистон рӯзи 6 июл бо сокинони зарардида мулоқот кардааст.

Ҳамид Абдуллоев аз сокинони зарардида даъват кард, ки қитъаи нави ҷудошударо қабул кунанд.

Аммо 62 сокини зарардида нахостанд, ки ба минтақаи дигар кӯч банданд.

"Неруҳои вижа занҳоро боздошт ва ба мошини пулис шинонданд. Занҳоро танҳо баъди он раҳо карданд, ки пойдевори манзилҳо комилан тахриб шуд", - гуфт як шоҳиди ҳодиса.

Дар натиҷаи рахна шудани садди обанбори Сардоба дар чанд ноҳияи Ӯзбекистон 2 570 манзили якошёна ва 76 манзили бисёрошёна зиён дид. Дар пайи ҳодисаи мазкур парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG