Ссылки доступа

Мақомоти давлатии Қазоқистон се соли оянда мошин ва ҷевон намехаранд


Ҳукумати Қазоқистон бо ҳадафи сарфакории буҷаи давлатӣ мақомоти ин кишвар аз харидани мошин ва ҷевон то соли 2023 манъ кард. Дар ин бора вазорати молияи Қазоқистон хабар дод.

Маблағи сарфашуда, ки 1,2 миллиард долларро ташкил хоҳад дод, дар мубориза зидди вируси корона, оқибатҳои манфии ин вабо, кӯмак ба тиҷорат ва шаҳрвандон харҷ мешавад, хабар доданд аз вазорат.

Нишондодҳои макроиқтисодии он кишвар барои солҳои 2021-2025 бозбинӣ шуда, дар робита ба ин, буҷаи солҳои 2021-2023-и Қазоқистон ҳам тағйир ёфтааст. Вазорати молияи он кишвар гуфт, ки дар ин давра наздики 15,6 миллиард доллари дигар сарфа хоҳад шуд.

Мушкилоти иқтисодӣ аз ибтидои баҳори соли ҷорӣ ба далели паҳншавии вируси корона дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад. Эъломи карантин ва ё гӯшанишинӣ ба истеҳсолот ва фаъолияти тиҷорӣ дар минтақа зарба зад.

Аммо уфти иқтисоди Қазоқистон пеш аз ҳама ба пойинравии арзиши нафт дар бозори ҷаҳонӣ рабт дорад. Дар натиҷаи паҳншавии коронавирус талабот ба нафт коҳиш ёфт ва мутаносибан қимати он пойин рафт.

Сандуқи байналмилалии асъор уфти иқтисоди Қазоқистонро дар соли 2020 дар сатҳи 2,5 дарсад, болоравии нархи маҳсулотро дар сатҳи 1,7%, камбуди буҷаро дар сатҳи бештар аз 3 дарсад ва афзоиши бекориро дар соли ҷорӣ дар сатҳи 4,8-7,8% пешбинӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG