Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон сар аз 10 июл тадбирҳои карантин сахттар мешаванд


Сар аз 10 июл то 1 август дар Ӯзбекистон чораҳои карантин сахттар мешаванд. Комисияи махсуси ҷумҳуриявии он кишвар дар ин бора қарор қабул кардааст.

Бино ба тасмими Комисия, дар ин давра тадбирҳои зер рӯи даст гирифта мешаванд:

  • маҳдудияти гардиши нақлиёт;
  • қисман ба кори фосилавӣ ва ё рухсатӣ фиристодани кормандони мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва созмонҳо;
  • манъи баргузории чорабиниҳо аз сӯи мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва корхонаҳо;
  • манъи гардиши нақлиёт байни минтақаҳо;
  • манъи баргузории чорабиниҳои фарҳангиву тафреҳӣ ва дигар маъракаҳои хонаводагӣ;
  • манъи ҳузури афроди аз 65-сола боло дар маконҳои ҷамъиятӣ ва ҷамъшавии бештар аз 3 ва бештар одам дар кӯча.

Бо қарори Комисияи вижа, дар ин давра иншооти зер аз фаъолият боз хоҳанд монд:

  • Боғҳо, дастгоҳҳои тафреҳ ва минтақаҳои истироҳатӣ;
  • Бозорҳои бузурги либосворӣ;
  • Толорҳои варзиш ва ҳавзҳо;
  • Муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои омӯзишӣ;
  • Иншооти ғизои умумӣ (тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, чойхонаҳо);
  • Истироҳатгоҳҳо, лагерҳои кӯдакона, соҳилҳои оббозӣ ва дигар маконҳои истироҳату фароғат.
XS
SM
MD
LG