Ссылки доступа

Дар Қазоқистон 13 июлро рӯзи мотами фавтидагони коронавирус эълом карданд


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон гуфт, ки ба хотири фавтидагони коронавирус дар кишвараш 13 июл рӯзи мотами миллӣ эълом мешавад.

"Ин вабо ба гирифтани ҷони қазоқистониҳо идома медиҳад. Пушти омори расмӣ фоҷиаи садҳо хонавода нуҳуфта аст: касе падар, каси дигар модар, бародар, хоҳар, писар ва ё духтарашро аз даст додааст. Ин фоҷиаи умумии мост. Бовар дорам, ҳар касе дар рӯзи мотам ҳар ҷо, ки бошад, хотираи рафтагонро гиромӣ медорад", - гуфт президенти Қазоқистон.

Вай ҳамзамон ба шаҳрвандоне, ки наздиконашонро аз даст додаанд, изҳори ҳамдардӣ кард ва аз дигарон хост, ки "ноумед нашаванд ва худро ба руҳафтодагӣ насупоранд". "Мо касеро дар мушкилот намегузорем ва барои ҳифзи ҳаёту сиҳатии ҳар кадом қазоқистонӣ талош мекунем",- илова кард Тоқаев.

Ба иттилои расмӣ, дар Қазоқистон 51 ҳазор кас ба коронавирус гирифтор ва 264 кас аз ин вабо фавтидааст. Сар аз 5 июл Қазоқистон ба далели авҷи мавҷи дувуми коронавирус чораҳои карантинро сахттар кард.

XS
SM
MD
LG