Ссылки доступа

Русия Украинаро дар сарпечӣ аз табодули асирон айбдор кард


Русия мақомоти Украинаро дар эҷоди монеа дар табодули асирон айбдор кард.

"Киев аз созишномаи табодули асирон бо Донетску Луганск даст кашид", - гуфт Борис Гризлов, намояндаи Русия дар созишномаи Гуруҳи сеҷонибаи тамос дар умури танзими низои шарқи Украина. Ба гуфтаи вай, ҷониби Киев талаб кардааст, ки афроди берун аз созишнома ҳам дар рӯйхати табодулшавандагон шомил гарданд. Гризлов афзуд, маҳз ин талаб боиси эҷодаи монеа дар иҷрои созишнома шудааст.

Мақомоти Киев пештар аз ин гуфтанд, "табодули ҳамаро бо ҳама" талаб доранд.

Рӯзҳои 7-8 июл ҷаласаи Гуруҳи тамос баргузор шуд. Ба далели паҳншавии вируси корона ҷаласаҳои гуруҳ маҷозӣ баргузор мешаванд. Ҷаласаи навбатӣ рӯзи 22 июл дар назар аст.

Соли ҷорӣ нахустин марҳилаи табодули асирон рӯзи 16 апрел доир гардид. Он замон мақомоти Украина 14 ва ҷудоихоҳон 20 касро таслим карданд.

XS
SM
MD
LG