Ссылки доступа

Сокини аз алимент қарздори Самарқанд дар боздоштгоҳ фавтид


Ориф Назарови 34-сола, сокини ноҳияи Қушрободи вилояти Самарқанди Ӯзбекистон дар идораи пулиси ноҳия фавтид.

Волидони Назаров, ки ҷасади писарашонро рӯзи 5 июл дарёфт карданд, мегӯянд, вай дар натиҷаи латту кӯби кормандони милиса фавтидааст. Дар идораи милисаи вилояти Самарқанд гуфтанд, Ориф Назаров, ки барои напардохтани алимент дар пайгард қарор дошт, "аз дарди қалб" фавтид.

Маъруф Назаров, бародари Ориф Назаров гуфт, ӯро кормандони милиса рӯзи 5 июл даъват ва хабари марги бародарашро расонидаанд. Ба гуфтаи Маъруф Назаров, кормандони милиса нагуфтанд, ки Ориф кай ва чи гуна фавтидааст.

"Бародари ман ду маротиба издивоҷ ва аз ҳарду ҳамсаронаш ҳам ҷудо шуд. Аз ду ҳамсар вай се фарзанд дорад. Бародарам бе кор буд, гоҳҳо ба ман дар тиҷорат кӯмак мерасонд. Як моҳ пеш ӯро дар бозори Самарқанд боздошт ва ба ноҳияи Қушробод оварданд. Маълум нест, ки бародарам дар боздоштгоҳ кай фавтидааст. Ҷасадашро рӯзи 5 июл ба мо доданд ва мо ҳамон рӯз ӯро дафн кардем", - гуфт Маъруф Назаров.

Аз мақомоти милисаи вилояти Самарқанд гуфтанд, ки Ориф Назаров дар пайгард қарор дошт ва дар боздоштгоҳ аз дарди қалб фавтидааст. Ба гуфтаи мақомоти милиса, дар пайи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.

Мақомот Ориф Назаровро 13 майи соли 2020 барои напардохтани алимент дар пайгард эълом карда буданд. Додситонии кулли Ӯзбекистон 8 июл бо нашри изҳороте хабар дод, ки Назаров 2 июл боздошт ва тахминан соати 21:00 шоми 4 июл фавтидааст.

XS
SM
MD
LG