Ссылки доступа

Додгоҳи ИМА ба додситонҳо иҷозаи тафтиши дороиҳои Трампро дод


Доналд Трамп

Додгоҳи олии ИМА қарор қабул кард, ки эъломияҳои андози президент Доналд Трамп ба ихтиёри додситонҳои шаҳри Ню-Йорк дода шавад. Иттилоъ дар бораи даромадҳои Трамп ба Конгресс ирсол намешавад.

Трамп - баъд аз Ричард Никсон, ки 50 сол пеш роҳбарӣ мекард, нахустин президенти ИМА аст, ки иттилоъ дар бораи дороияшро оммавӣ намекунад. Дар замони Никсон як корманди хадамоти андоз ҳуҷҷатҳои ӯро дар ихтиёри рӯзноманигорон гузошт. Баъд аз нашри ҳуҷҷатҳои Никсон маълум шуд, ки вай наздики 400 ҳазор доллар ба буҷаи ИМА напардохтааст.

Вакилони Трамп гуфтанд, президенти амалкунанда аз тафтишот ва таъқиби ҷиноӣ масуният дорад.

Додситони округи Манхэттен Сайрус Вэнс гуфт, эҳтимоли пинҳонӣ ба ду зан пул додани Трампро дар ивази хомӯш мондан, тафтиш мекунад. Додситон гуфт, ҳуҷҷатҳои молии президент ба тафтишот кӯмак мерасонанд.

Трамп қарори додгоҳро "таъқиби сиёсӣ" унвон кард.

Дар моҳи июни соли 2015, пеш аз ба мақоми президентӣ номзад шудан Трамп гуфта буд, дороии вай қариб ба 8 миллиарду 800 миллион доллар мерасад. Аммо он замон маҷаллаи Forbes дороии Трампро ду баробар камтар баҳо дода буд.

Моҳи апрели соли 2020 ин маҷалла навишт, ки Трамп ду миллиарду як миллион доллар дорад.

XS
SM
MD
LG