Ссылки доступа

ИМА ба далели поймолсозии ҳуқуқи уйғурҳо мақомдорони Чинро таҳрим кард


ИМА чаҳор мансабдори пешин ва кунунии Чинро таҳрим кард, ки ба бовари Вашингтон, дар поймолсозии ҳуқуқи уйғурҳо даст доранд. Ин таҳримҳо дар доираи қонуни Магнитский ҷорӣ шудаанд. Дар ин бора вазорати молияи ИМА хабар медиҳад.

Таҳримҳо аз ҷумла ҳабси дороиҳои мақомдоронро дар ҳудуди ИМА, манъи доду гирифт ва маҳдудияти визаро дар бар мегиранд.

Қонуни таҳрим барои фишору таъқиби уйғурҳо ва дигар ақалиятҳои мусалмонро дар Шинҷон-Уйғури Чин президенти ИМА Доналд Трамп моҳи июн имзо кард.

Мақомоти Чин мегӯянд, танҳо зидди терроризм мубориза бурдаанд.

Афроде, ки дар лагерҳои бозтарбияи Чин зиндагӣ кардаанд, мегӯянд, тарк кардани ҳудуди лагер ва робита бо хориҷ манъ аст. Одамон дар ин гуна лагерҳо ҳаққи адои маросимҳои диниашонро надоранд ва вазифадоранд, ки забони чинӣ биомӯзанд. Бино ба бовари ҳомиёни ҳуқуқ, дар солҳои охир бештар аз як миллион мусалмони Чин дар ин лагерҳо "тарбият" гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG