Ссылки доступа

Як сарбози тоҷикро 2 сол зиндонӣ карданд: вай барои фирор аз хизмат 17 сангро фурӯ бурд


Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе сарбози қаторӣ Отабек Иброҳимовро барои саркашӣ аз адои хизмати ҳатмӣ 2 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Иброҳимов 12 ноябри соли 2019 ба сафи артиш даъват шуда буд. Вай дар охири моҳи декабри соли 2019 бо фурӯ бурдани 17 дона санги майда талош кард, ки дар бемористон бистарӣ шавад ва ба ин тартиб аз адои хизмати сарбозӣ раҳо гардад.

Дар парвандаи додгоҳ омадааст, ки Иброҳимов "ба шароити сарбозӣ тоб наовардааст".

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, аксари сокинони Тоҷикистон дар айни ҳол хоҳиши хизмати сарбозиро надоранд ва бо роҳҳои мухталиф аз даъват шудан ба хизмати ҳарбӣ фирор мекунанд.

Яке аз сабабҳои асосии саркашии ҷавонон аз хизмати сарбозӣ ҳолатҳои латту кӯб ва марги ҷавонон дар қисмҳои низомӣ аст. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, аз соли 2014 то 2016 60 ҳолати муроҷиати пайвандони сарбозон сабт шудааст. Дар 11 ҳолат муроҷиати пайвандон ба марги сарбозон рабт доштааст.

XS
SM
MD
LG