Ссылки доступа

Баъди эътирозҳо қуюди шабгардӣ дар Белград бекор шуд


Ҳукумати Сербистон тасмим гирифт, ки аз нақшаи ҷорӣ кардани қуюди шабгардӣ, ба далели паҳншавии коронавирус, дар Белград даст кашад. Мақомоти тасмими худро баъди он тағйир доданд, ки сокинон зидди қуюди шабгардӣ тазоҳурот карданд.

Аз маҳдудиятҳои пешини мақомот, ки мехостанд ҷорӣ кунанд, танҳо ҷамъшавии бештар аз 10 одам боқӣ мондааст. Тарабхонаҳо, мағозаҳо ва дигар маконҳои иҷтимоӣ аз соати 21:00 ба он тараф баста мешаванд. Боғҳо ва дигар майдонҳо то соати 23:00 боз хоҳанд монд.

Баъди интихоботи порлумонии 21 июн, ки дар он ҳизби ҳокими президент Александр Вучич пирӯз шуд, мақомот дар пасманзари бадшавии вазъи беҳдоштии кишвар тадбирҳои карантинро дубора барқарор карданд.

Танҳо дар рӯзи 7 июл дар Сербистон 13 тан аз вируси корона фавот кард, ки аз замони шуруъи вабо дар он кишвар ин болотарин нишондод аст. Александр Вучич баъди ин ҳодиса аз ҷорӣ шудани қуюди шабгардӣ ва манъи ҷамъшавии бештар аз 5 кас дар Белград хабар дод. Ин тасмими президент боиси эътирози мардум шуд. Шаби 8 ба 9 июл сокинон дар Белград ва дигар шаҳрҳо зидди сахттар шудани тадбирҳои карантин даст ба эътироз заданд. Гирдиҳамоиҳо ба бетартибӣ печид. Бештар аз 150 кас боздошт шуд.

Бино ба иттилои ахир, дар Сербистон бештар аз 17 ҳазор ҳолати гирифторӣ ва 352 ҳолати фавт аз коронавирус сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG