Ссылки доступа

Ӯзбекистон дар робита ба паҳншавии коронавирус маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунад


Дар Ӯзбекистон сар аз 13 июл то 1 август ба далели паҳншавии коронавирус маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мешавад.

Дар рӯзҳои истироҳати 18-19 июл ва 25-26 июл ҳаракати нақлиёт, аз ҷумла кирокашҳо (таксӣ) манъ мешавад. Ба афроде аз 65-сола боло тавсия мешавад, ки хонашинӣ кунанд.

Комисияи вижаи мубориза бо коронавирус дар Ӯзбекистон хабар дод, ки ҳамзамон аз 13 июл парвозҳо ва равуои қатораҳо дар дохили кишвар манъ мешавад. Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон пештар аз ин хабар дода буд, ки аз 10 июл то 1 август 5 900 билети қатора ва 330 билети таёра фурӯхта шуда буд. Мақомот ваъда кардаанд, ки пули билети мусофиронро бармегардонанд.

Дар Ӯзбекистон сар аз имрӯз ҳамчунин сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн баста мешаванд.

Дар Ӯзбекистон шумори гирифторони вируси корона расман ба 12,4 ҳазор расид, 56 кас аз ин уфунат фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG