Ссылки доступа

Дар Қирғизистон нисбати чанд доруфурӯш парвандаи ҷиноӣ боз шуд


Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ (пулиси молӣ)-и Қирғизистон нисбати чанд тоҷири "ҳаннот"-е парвандаи ҷиноӣ боз кард, ки ба хариду фурӯши дору машғул ҳастанд.

Аз ин хадамот иттилоъ доданд, дар ҷараёни як рейд "чанд тане шиносоӣ шуд, ки доруҳоро ба қимати гарон ба фурӯш бароварда, аз ҳисоби ба роҳ андохтани ҳангома ва камбуди чанд номгӯи дору маблағи зиёд даромад кардаанд".

Дар ҷараёни як хариди озмоишӣ кормандони пулиси молӣ доруи "Клексан"-ро дар чанд дорухона бо қимати бештар аз 100 доллари ИМА пайдо карданд. "Айни замон нисбати ҳаннотон парванда боз шуда, тафтишот идома дорад", - хабар доданд аз пулиси молии Қирғизистон.

XS
SM
MD
LG