Ссылки доступа

СҶТ гуфт, авҷгирии илтиҳоб дар Қазоқистон эҳтимол ба коронавирус рабт дорад


Дар Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) гуфтанд, авҷгирии илтиҳоби шуш, ки ҳафтаҳои ахир дар Қазоқистон мушоҳида мешавад, эҳтимол дорад, ҳамон коронавирус бошад.

Майкл Райан, роҳбари барномаҳои СҶТ дар умури ҳолатҳои фавқулодаи марбут ба тандурустӣ рӯзи ҷумъа дар як нишасти хабарӣ дар Женева гуфт, авҷгирии илтиҳоб дар Қазоқистон ба эҳтимоли зиёд, ҳамон шакли коронавирус аст, ки ташхиси нодуруст гузошта шудааст.

Майкл Райан ҳамзамон гуфт, ки СҶТ дар якҷоягӣ бо мақомоти тиббии Қазоқистон кор мекунад, то ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирусро шиносоӣ кунад.

Қазоқистон аз оғози тобистон ба авҷгирии COVID-19 ва илтиҳоби шуш рӯ ба рӯ аст. Аммо бисёре аз ташхисҳои коронавирус мавҷудияти ин уфунатро нишон намедиҳанд. Дар ҳамин ҳол, пизишкони Қазоқистон гуфтанд, дар солҳои гузашта чунин теъдоди зиёди гирифторӣ ба илтиҳоби шуш мушоҳида намешуд.

XS
SM
MD
LG