Ссылки доступа

Тирпарронӣ дар марзи Озарбойҷон бо Арманистон


Мақомоти Озарбойҷону Арманистон дар тирпарронии марз ҳамдигарро айбдор карданд.

Вазорати мудофиаи Озарбойҷон гуфт, неруҳои мусаллаҳи Арманистон "низоми оташбасро дар марзи Озарбоҷону Арманистон вайрон карда", "ба мавқеҳои мо оташ кушоданд".

"Ҳар ду ҷониб талафот додаанд", - хабар дод вазорати мудофиаи Озарбойҷон.

Мақомоти мудофиаи Арманистон дар навбати худ ҷониби Озарбойҷонро дар оташкушоӣ айбдор карданд.

"Неруҳои мусаллаҳи Озарбойҷон бо сабабҳои барои мо номаълум бо мошин талош карданд, ки марзи Арманистонро ғайриқонунӣ убур кунанд ва ҷониби минтақаи Тавуш раванд. Баъди огоҳии неруҳои Арманистон неруҳои Озарбойҷон мошинро гузошта, ба мавқеи худ баргаштанд. Баъди ин ҳодиса неруҳои Озарбойҷон дубора талош карданд, ки мавқеҳои Арманистонро ғасб кунанд ва аз артиллерия оташ кушоданд", - омадааст дар изҳороти мақомоти Арманистон.

Мақомоти Арманистон дар бораи талафот хабар надодаанд.

Рӯзи 12 июли соли 1988 дар Қарабоғи куҳӣ шӯрои вилоятӣ эълом кард, ки Озарбойҷон хориҷ мешавад.

Баҳси марзӣ байни Арманистон ва Озарбойҷон атрофи Қарабоғи куҳӣ аз охирҳои соли 1980 ба ин тараф идома дорад. Дар даврони ҷанги мусаллаҳонаи солҳои 1988-1994 дар минтақаи ҷудоихоҳи Қарабоғ 30 ҳазор кас кушта, бештар аз 100 ҳазор фирорӣ шудаанд.

Низоъи Қарабоғи куҳӣ тӯли ин солҳо бо роҳҳои дипломатӣ ҳал нашудааст.

XS
SM
MD
LG