Ссылки доступа

Эрон: танзими нодурусти пойгоҳи радар боиси фоҷиаи "Боинг" шуд


Мақомоти Эрон натиҷаи пажуҳиши фоҷиаи ҳавопаймои мусофирбари Украинаро нашр карданд, ки бо ду мушаки Эрон дар наздикии фурудгоҳи Теҳрон суқут дода шуда буд. Ин фоҷиа 8 январи соли ҷорӣ рух дод.

Дар натиҷаи суқути ҳавопаймо 176 кас кушта шуд.

Муфаттишони эронӣ ба ин натиҷа расиданд, ки танзими нодурусти пойгоҳи радар боиси ин фоҷиа шудааст. Гуфта мешавад, пойгоҳи радар ба низоми зиддимушакӣ паёми ғалат додааст. Ба гуфтаи муфаттишон, танзимгарон аз фармондеҳии низоми зиддимушакӣ иҷозаи партоби мушакро нагирифтаанд.

Нашрияи бритониии "Гардиан" менависад, мақомоти Теҳрон дар фурсатҳои аввал мегуфтанд, ки "нуқси фаннӣ" боиси суқути ҳавопаймо шудааст. Вале баъди чанд рӯзи фоҷиа мақомоти он кишвар билохира эътироф карданд, ки иштибоҳан ҳавопайморо суқут додаанд.

Дар гузориши Раёсати авиатсияи шаҳрвандии Эрон омадааст, танзимгарони низоми зиддимушакӣ дар наздикии Теҳрон фурсат наёфтанд, ки дастгоҳҳоро ба танзим дароранд. Субҳи рӯзи фоҷиа артиш дар ҳолати "омодабоши қатъӣ" қарор дошт. Ин омодабош дар робита ба таҳдиди ИМА ба Эрон дар пайи мушакборон шудани пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ироқ, эълом шуда буд.

Сандуқҳои сиёҳи ҳавопаймо ҳанӯз ҳам дар ихтиёри мутахассисони эронӣ аст, сарфи назар аз он ки дар Эрон дастгоҳҳои хондани сабти сандуқҳо мавҷуд нест. Интизор меравад, сандуқҳои мазкур рӯзи 20 июл ба ихтиёри Фаронса супорида шаванд.

Дар фоҷиаи рӯзи 8 январ даҳҳо шаҳрванди Эрон, Канада, Украина, Бритониё, Афғонистон ва Олмон кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG