Ссылки доступа

Пулиси Бишкек ширкатдорони тазоҳуроти "Таҳрими интихобот"-ро боздошт кард


Бархе аз ширкатдорони иқдоми "Таҳрими интихобот"-ро, ки дар назди бинои порлумони Қирғизистон баргузор шуд, пулис боздошт кард.

Клара Сооронқулова, яке аз ширкатдорони тазоҳурот гуфт, иштирокдорон меъёрҳои қонунро вайрон накарда, танҳо барои изҳори мавқеи худ ба кӯча баромаданд ва талаб карданд, ки таърихи баргузории интихобот тағйир дода шавад.

Пештар аз ин бархе аз сиёсатмадорон ва фаъолони ҷамъиятӣ ҳам изҳор доштанд, ки дар замони паҳншавии вабои коронавирус баргузории интихобот ғайри қобили қабул аст.

Интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон 4 октябри соли ҷорӣ таъйин шудааст. То 9 июл 44 ҳизби сиёсӣ Комисияи марказии интихоботии Қирғизистонро дар бораи иштироки худ дар интихобот огоҳ кардааст.

XS
SM
MD
LG