Ссылки доступа

13 июл дар Қазоқистон — рӯзи азодории қурбониёни коронавирус


Рӯзи душанбеи 13 июл дар Қазоқистон Рӯзи умумимиллии азодории қурбониёни вабои коронавирус унвон шуд.

Дар рӯзи азодорӣ чорабиниҳо ва барномаҳои тафреҳӣ бекор гардид. Дар саросари кишвар, инчунин дар биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷи ин кишвар парчами Қазоқистон фароварда шуд.

Соати 12 рӯз ба вақти Нурсултон дар саросари кишвар дақиқаи хомӯшӣ эълом гардид. Дар ҳамаи масҷидҳои калони Қазоқистон имрӯз дуои дастаҷамъӣ баргузор шуд.

Ба иттилои расмӣ, теъдоди гирифторони вируси корона дар Қазоқистон ба 60 ҳазор наздик шудааст. Дар як рӯзи онхир дар он кишвар 1646 ҳолати гирифторӣ сабт шудааст. Вазорати тандурустии Қазоқистон гуфт, ки аз 7 то 12 июл 111 ҳолати марг аз вируси корона сабт гардидааст.

Ин вазорат мегӯяд, дар Қазоқистон дар шаш моҳи соли 2020 1772 ҳолати марг аз илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шудааст, 628 ҳолати он ба моҳи июн рост меояд.

XS
SM
MD
LG