Ссылки доступа

Мақомоти Ӯзбекистон гуфтанд, барои ташхиси коронавирус 1 млн тест доранд


Баҳодур Юсупалиев, муовини аввали вазири тандурустии Ӯзбекистон гуфт, ки дар ин кишвар 1 миллион дастгоҳи ташхиси коронавирус мавҷуд аст.

Ба гуфтаи вай, ҳамарӯза 450-470 ҳолати нави гирифторӣ ба вируси корона дар Ӯзбекистон сабт мешавад. Намояндаи вазорати тандурустии Ӯзбекистон гуфт, низоми ҳифзи сиҳатии кишвар зери фишори шадид фаъолият мекунад.

"Мо ҳамарӯза дар саросари кишвар 20, 22, 25 ҳазор санҷиш мегузаронем. Ин ҳам дар ҳоле, ки пештар дар рӯз 8-10 ҳазор санҷиш анҷом медодем", - гуфт Юсупалиев.

Вай хабарҳо дар бораи норасоии дастгоҳҳои санҷишро рад кард. Ба гуфтаи Юсупалиев, дар Ӯзбекистон 1 миллион тест мавҷуд аст ва ин захира мудовим меафзояд.

XS
SM
MD
LG