Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон мумкин аст, карантин баъди 1 август низ тамдид шавад


Дар Ӯзбекистон мумукин аст, карантин баъди 1 август ҳам тамдид шавад, гуфт Баҳодур Юсупалиев, муовини вазири тандурустии он кишвар дар суҳбат бо расонаҳо.

"Мо чораҳои карантинро то 1 август тамдид кардем. Ин ба он вобаста аст, ки давраи пӯшидаи гирифторӣ ба коронавирус то 14 рӯз давом мекунад. Ин муҳлати муътадил аст барои пешгирии интиқоли уфун аз як шахс ба шахси дигар", - гуфт Юсупалиев.

Вале вай афзуд, дар сурати афзоиши теъдоди беморон ва маргу мир аз коронавирус, тадбирҳои карантин мумкин аст, баъди 1 август низ тамдид шаванд.

"Танҳо дар як ҳафтаи охир шумори мубталоёни вируси корона 3 ҳазор афзуд, яъне қариб 30 дарсад. Вазъият шадид аст. Лабрез шудани беморхонаҳо аз беморони коронавирус метавонад, боис шавад, ки беморони дигар, аз ҷумла саратону қалбу касони ниёзманд ба ҷарроҳӣ аз хадамоти тиббӣ маҳрум шаванд. Аз ҳамин хотир барои пешгирӣ аз фурурезии низоми тандурустӣ мо маҷбур шудем, чораҳои карантинро барқарор кунем", - афзуд Юсупалиев.

Дар Ӯзбекистон сар аз 13 июл маҳдудиятҳои нави карантин ҷорӣ шуд.

Шумори умумрии гирифторони COVID-19 дар Ӯзбекистон расман ба 13 ҳазору 193 ва шумори фавтидагон ба 61 расидааст.

XS
SM
MD
LG