Ссылки доступа

Вазирони кишварҳои ИА ба масҷид табдил додани калисои Аёсофияро маҳкум карданд (видео)


Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) бори аввал баъди хуруҷи коронавирус дар Брюссел мулоқот карданд. Мавзуи меҳварии ин мулоқот муносибати ИА бо Туркия буд.

Қибрис ва Юнон дар робита ба шуруъи чоҳканӣ барои истихроҷи нафт дар наздикии соҳили Қибрис изҳори нигаронӣ карданд.

Жосеп Боррел, намояндаи олии ИА дар умури сиёсати хориҷӣ ва ноиб-раиси Комисияи Аврупо гуфт, дар сурати аз сӯи Анқара поймол кардани ҳуқуқҳои мустақилии Юнон, дар моҳи авгут чораҳоеро дар нисбати Туркия эълом хоҳад кард.

Дар рӯзҳои охир фармони президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон дар бораи ба масҷид табдил додани калисои Аёсофия дар Истамбул аврупоиҳоро зери таъсир гирифтааст. Расонаҳо менависанд, қарори Эрдуғон дар бораи ёдгории фарҳангии дунё ва мероси таърихиро ба масҷид табдил додан "дар саросари Иттиҳоди Аврупо маҳкумсозӣ ва талаби бекор кардани ин тасмимро ба бор овардааст".

XS
SM
MD
LG