Ссылки доступа

Ба Узбекистон барои мубориза бо коронавирус $200 млн медиҳанд


Узбекистон тасмим дорад, аз ду бонки осиёӣ 200 миллион доллар қарз дарёфт кунад.

Бонки осиёии рушд 100 млн доллар ва 100 миллион доллари дигар Бонки осиёии сармоягузории инфрасохтор барои мубориза бо COVID-19 ба Узбекистон хоҳанд дод.

Дар ин бора дар ҷаласаи маҷозии вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон бо президенти Бонки осиёии рушд Масатсугу Асакаев рӯзи 13 июл хабар дода шуд.

Асакаев хабар дод, ки айни замон тасдиқи додани қарз дар ҳаҷми 100 миллион доллар ниҳоӣ мешавад. Бо ин маблағ низоми ҳифзи сиҳатӣ ва беҳдоштии Ӯзбекистон навсозӣ хоҳад шуд. Интизор меравад, оғози моҳи август ин қарз ба Ӯзбекистон дода мешавад.

Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки тарҳи ҷалби 100 миллион доллари дигар аз Бонки осиёии сармоягузории инфрасохтор таҳия шудааст.

XS
SM
MD
LG