Ссылки доступа

Пулиси Минск эътирозгаронро боздошт кард (видео)


Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури сиёсати хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррел дар робита ба сабти ном нашудани номзадии ду нафар ба мақоми президентии Беларус - Виктор Бабарико ва Валерий Сепкало изҳорот нашр кард.

Ба гуфтаи ӯ, ин амали мақомоти Беларус интихоботи демократиро халалдор ва иродаи интихобкунандагонро маҳдуд мекунад. Боррел гуфт, мақомоти Беларус бо сабти ном накардани номзадии Виктор Бабарико ва Валерий Сепкало натавонистанд рақобати сиёсиро дар интихоботи президентии он кишвар таъмин кунанд.

Шоми сешанбе дар шаҳри Минск ба ҷонибдорӣ аз бонкири пешин Виктор Бабарико ва соҳибкори машҳури соҳаи фанновариҳои иттилоотӣ Валерий Сепкало тазоҳуроти бидуни иҷозат баргузор шуд. Мақомоти Беларус номзадии ин ду нафарро, ки мехостанд дар интихоботи президентии он кишвар бо президент Александр Лукашенко рақобат кунанд, ба қайд нагирифтанд.


Маъмурони пулис наздикиҳои соати 20:00 хиёбони Истиқлол дар маркази пойтахти Беларусро бастанд. Он замон аллакай садҳо нафар дар хиёбон ҷамъ шуда буданд. Вале дар даст парчам ё шиоре надоштанд. Ҳамчунин дучархасаворон низ ҷамъ шуда буданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, пулис даҳҳо иштирокдори ҳамоиши эътирозиро боздошт кард, ки дар миёнашон рӯзноманигорони расонаҳои хориҷӣ низ ҳастанд.

Наздикии соати 23:00 ду хабарнигори бахши беларусии Радиои Озодӣ аз боздоштгоҳ озод шуданд. Онҳо соатҳои 21:00 дастгир шуда буданд. Ба иттилои Радиои Озодӣ, шоми сешанбе дар Минск ҷамъан 72 кас дастгир шуд. Дар шаҳрҳои дигари Беларус низ чандин эътирозгарро боздошт кардаанд.

Дар Беларус корзори интихоботи президентии соли 2020 оғоз ёфт. 9-уми август дар ин кишвар президенти нав интихоб хоҳад гашт. Александр Лукашенкои 66-сола, ки аз соли 1994 идораи кишварро дар даст дорад, мехоҳад, ҳокимияташро идома диҳад.

XS
SM
MD
LG