Ссылки доступа

Узбекистон шаҳрвандонашро аз Русия бо қатора бармегардонад


Кумитаи сарҳадбонии Хадамоти амнияти Узбекистон 13 июл хабар дод, ки шаҳрвандони кишварро аз вилоятҳои Самара ва Оренбурги Русия бармегардонад.

Аммо бо гузашти чанд лаҳза ин хабар аз сомонаҳое ғайб зад, ки онро нашр карда буданд.

Кумитаи сарҳадбонии Узбекистон хабар дода буд, ки бо ҷониби Қазоқистон равуои доимиро гуфтугӯ кардааст ва ҳамакнун посухи Русияро интизор аст, ки шаҳрвандони Узбекистонро баргардонад. Дар хабар омада буд, рӯзҳои 13 ва 14 қатораҳои Ӯзбекистон бояд барои баргардонии шаҳрвандон ба Русия мерафтанд.

Ахиран расонаҳои Русия ҳам аз қавли консулгарии Узбекистон дар Қазони Русия хабар доданд, ки дар фурсатҳои наздик қатораҳои Узбекистон барои бурдани шаҳрвандони ин кишвар ба Русия меоянд.

Бештар аз 2 ҳазор шаҳрванди Узбекистон дар вилоятҳои Самараву Оренбурги Русия ҷамъ шудаанд ва қасди ба Узбекистон расиданро доранд.

Узбекистон охири моҳи май аз вилояти Самара 1200 шаҳрвандашро ба кишвар оварда буд. Ба далели паҳншавии вируси корона кишварҳо марзҳояшонро бастанд ва шаҳрвандон натавонистанд, бидуни монеа ба кишварҳояшон баргарданд.

XS
SM
MD
LG