Ссылки доступа

Кохи сафед аз қарори ихроҷи донишҷӯёни хориҷӣ даст кашид


Массачусетский технологический институт

ИМА талаботеро бекор мекунад, ки донишҷӯёни хориҷиро вазифадор мекард, дар сурати онлайнӣ баргузор шудани дарсҳо ин кишварро тарк кунанд.

Дар ин бора "Садои Амрико" иттилоъ медиҳад. Дар Кохи сафед тасдиқ карданд, ки ба иллати шикоятҳои зиёд аз тасмимашон даст мекашанд.

Баъзе аз донишгоҳҳои ИМА, аз ҷумла донишгоҳи Ҳарвард ва донишгоҳи технологии Массачусетс зидди талаботи мазкур ба додгоҳ шикоят бурда, гуфтаанд, он ғайриқонунӣ буда, ба раванди академӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамчунин зидди ихроҷи донишҷӯёни хориҷӣ 20 иёлат шикоят кардаанд. Даҳҳо ширкат бо шумули Google, Facebook ва Twitter низ ба додгоҳ назари коршиносии худро пешниҳод ва аз барқарор шудани сиёсати пешин дар робита ба донишҷӯёни хориҷӣ ҳимоят кардаанд.

Додраси додгоҳи Массачусетс Эллисон Берроузҳангоми баррасии шикояти донишгоҳи Ҳарвард гуфтааст, маъмурияти президенти ИМА ва ду донишгоҳи маъруфи ин кишвар ба созиш расиданд, ки қоидаи нав бекор карда шавад. Мурофиа чаҳор дақиқа идома кардааст.

Пештар мақомоти муҳоҷирати Амрико бо нашри як дастурамал гуфтанд, ба донишҷӯёни хориҷие, ки дарсҳояшон дар тирамоҳи соли равон ба низоми онлайнӣ гузаронида шудааст, раводид (виза) намедиҳад. "Донишҷӯёне, ки дар ҳоли ҳозир дар ИМА қарор доранд ва тавассути чунин барномаҳо дарс мехонанд, бояд ин кишварро тарк кунанд ё ва муассисаҳои таълимии дигаре гузаранд, ки қонун иҷозат медиҳад, дар дарсҳои онҳо шахсан иштирок кунанд. Дар сурати ғайр, зиддашон чора андешида хоҳад шуд", - омада буд дар санад.

Дастурамал ба дорандагони раводидҳои навъи F-1 ва M-1 дахл мекард. Ин раводидҳо барои дарёфти дониши академӣ ва касбӣ дода мешавад. Солҳои 2018-2019 ин гуна визаро мутаносибан 389 ҳазор ва зиёда аз 9,5 ҳазор кас дарёфт кардаанд. Ҷамъан дар ИМА ҳудуди 1,1 млн донишҷӯ таҳсил мекунад.

XS
SM
MD
LG