Ссылки доступа

Ҷопон ба Қирғизистон дар ҳаҷми $4,6 млн таҷҳизоти тиббӣ медиҳад


Ҷопон ба Қирғизистон ба маблағи 4,6 миллион доллар кумак хоҳад кард.

Дар ин бора сафири Ҷопон дар шаҳри Бишкек Маэда Сигэкӣ ва вазири молияи Қирғизистон Бахтигул Ҷеенбоева 14 июл санадеро ба имзо расониданд.

Ба огаҳии сафорати Ҷопон дар Бишкек, ин кишвар дар доираи "Барномаи рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ" ба Қирғизистон 500 миллион иен (наздики 4,6 млн доллар) ҷудо мекунад.

"Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифт, ба ҷониби Қирғизистон таҷиҳизоти нави замонавӣ ва босифати тиббии мавриди ниёзро барои мубориза бо коронавирус кумак кунад", - омадааст дар иттилоияи сафорат.

Туркия низ 15 июл ба Қирғизистон кумаки башардӯстона фиристодааст. Он, аз ҷумла аз 20 дастгоҳи нафаси сунъӣ, 20 ҳазор бастаи тест, 50 ҳазор ниқоби муҳофизатӣ, 35 ҳазор либосҳои муҳофизатии махсус иборат аст.

XS
SM
MD
LG