Ба иттилои Би-би-сӣ, дар ин роҳпаймоии эътирозӣ дар кӯчаи марказии пойтахти Озарбойҷон садҳо нафар иштирок карданд. Иштирокдорон дар даст парчами миллӣ шиорҳои ватандӯстона, аз қабили "Қарабоғ аз мост!", "Зинда бод, артиш!" ва "Сарбозон ба пеш!" шиор мепартофтанд.
Ба иттилои хабаргузории "Турон", наздикии соатҳои 4-им субҳ як қисми тазоҳургарон талош карданд, ба бинои порлумон ворид шаванд. Пулис аз мошинҳои обпошу гази ашковар истифода ва чандин нафарро дастгир кард. Хабаргузорӣ менависад, ки маъмурони пулис натавонистанд ҳамаи ҷамъшудаҳоро пароканда созанд ва онҳо дар ҳамроҳии кормандони пулис роҳпаймоиро идома дода, шиор мепартофтанд, ки "Истеъфо деҳ!".
Ба иттилои хабаргузории Report.az, дар шаҳрҳои дигари Озарбойҷон низ ҳамоишҳои эътирозии ҳамсон баргузор шуд.
Озарбойҷон ва Арманистон ду кишвари Қафқози Ҷанубӣ, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта барои минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ бо ҳам муноқиша доранд, якдигарро дар оғоз кардани даргирии охир дар сарҳад айбдор мекунанд.
Департаменти давлатии ИМА аз Арманистону Озарбойҷон даъват кард, ки оташбасро ҷорӣ карда, ба хотири ҳалли осоиштаи низои Қаробоғи Кӯҳӣ гуфтушуниди сулҳро аз сар гиранд.
Дар изҳороте Иттиҳоди Аврупо ҳарду ҷонибро даъват кард, ки “ихтилофи низомиро хотима дода, аз корҳое, ки боиси сар задани шиддат мешавад, худдорӣ кунанд ва тадбирҳоеро барои пешгирӣ аз густариши бештари хушунатҳоро амалӣ кунанд”.
Аз соли 1994 Қаробоғи Кӯҳӣ таҳти назорати нирӯҳои арманитабор буд ва Озарбойҷон гуфтааст, ки аҳолии он аз ҷониби Арманистон мусаллаҳ карда мешавад. Эълони истиқлолияти ин минтақаро ҳеҷ як кишвар эътироф накардааст. Музокироти ба ном Гурӯҳи Мински САҲА, ки ба он инчунин Русия, ИМА ва Фаронса аъзо ҳастанд, тавонист ба коҳиши ҷиддии хушунат мусоидат кунад, вале сулҳу субот на ҳамеша риоя шудааст.