Ссылки доступа

Қазоқистон ба гуруҳи кишварҳои дорои бештарини мубталоёни COVID-19 шомил шуд


Қазоқистон 15 июл ба гуруҳи кишварҳои сигонае шомил гашт, ки дар онҳо ҳолатҳои мубталошавӣ ба коронавирус ё COVID-19 бештар сабт шудааст.

Бар асоси омори Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинси Амрико, Қазоқистон пештар аз рӯи шумори мубталоён дар миёни кишварҳои ҷаҳон дар мақоми 31-ум қарор дошт, вале 15 июл мақоми 30-умро касб кард.

Дар Қазоқистон баъд аз бекор кардани карантин шумори мубталоён ба коронавирус якбора афзоиш ёфта, ҳоло дар ин кишвар расман 63 ҳазору 514 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки то ҳол 375 танашон ҷон бохтаанд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Қазоқистон, танҳо дар моҳи июни соли равон дар ин кишвар аз бемории илтиҳоби шуш, ки яке аз нишонаҳои коронавирус аст, 628 кас ҷон бохтаанд. Ин фавтидаҳо ба рӯйхати қурбониёни коронавирус шомил нашудаанд. Ҳамчунин садҳо мубталои дигар низ, ки комиссияи давлатӣ сабаби марги онҳоро бемории дигар мегӯяд, шомили рӯйхат нагаштанд.

XS
SM
MD
LG