Ссылки доступа

Баъд аз ошӯб ба муҳоҷирон ҷубронпулӣ ва пардохти пули патентро ваъда доданд


Бунт рабочих на Амурском газоперерабатывающем заводе в Свободном
Бунт рабочих на Амурском газоперерабатывающем заводе в Свободном

Пас аз ошӯби муҳоҷирони корӣ дар корхонаи коркардаи гази вилояти Амури Русия, ширкати "Ренесанс ҳиви индастриз" ба муҳоҷирон ваъда дод, пули патент ва хароҷоти ҳуҷатгузории онҳоро ҷуброн мекунад. Қаблан ин ширкат пули патент ва хароҷоти ҳуҷатгузории муҳоҷиронро аз маошашон ситонида буд, ки боиси эътирози муҳоҷирон шуд.

Дар як эълони ширкати "Ренесанс ҳиви индастриз", ки нусхаи онро корбарони Радиои Озодӣ рӯзи 16-уми июл фиристоданд, ширкат ба муҳоҷирон ваъда додааст, ки пули патент ва ҳуҷатҳояшонро барои моҳи май ва июн ҷуброн мекунад. Бар иловаи ин, корхонаи коркарди газ барои ду моҳ ба ҳар коргар 20 ҳазор рубл ҷубронпулӣ хоҳад дод.

Ширкат ҳамчунон ваъда додааст, дар рӯзи Иди Қурбон ба коргарон 5 ҳазор рубл тӯҳфа диҳад. Аммо масъулон бар иваз аз муҳоҷирон хостаанд, ба бетартибиҳо хотима диҳанд ва фавран ба кор шурӯъ намоянд. "Дар ғайри сурат исми онҳое, ки ба беназмӣ роҳ додаанд ба дасти корманди ҳуқуқ супурда мешавад",-омадааст дар эълони ширкат.

Нармиши ширкати "Ренесанс ҳиви индастриз" ба муҳоҷирон дар ҳолест, ки пас аз ошӯби рӯзи 13-уми июл Руслан Медведев, раиси вилояти Амур ба маҳалаи сохтмон омада, аз додситонӣ хост сабабҳои ошӯбро санҷад.

Додситонии вилоят гуфт, дар робита ба ин ҳодисаҳо ду парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми авбошӣ ва бетартибиҳои оммавӣ ва нисбати ширкати "Ренесанс ҳиви индастриз" парвандаи маъмурӣ оғоз кардаанд. Додситонӣ маълум кардааст, ки масъулони ширкат аз маоши коргарон бо баҳонаи пардохти пули патенти думоҳа 14,4 миллион рублро нигоҳ доштаанд.

Даҳҳо муҳоҷири тоҷику узбек рӯзи 13-уми июл дар маҳалли сохтмони корхонаи коркарди газ дар вилояти Амури Русия "ошӯб" бардоштанд. Муҳоҷирон сабаби хашму эътирози худро ба кам пардохт шудани маош рабт доданд. Дар сохтмони корхонаи коркарди газ дар шаҳри Свободное дар вилояти Амури Русия беш аз 15 ҳазор муҳоҷири корӣ аз Осиёи Миёна, аз ҷумла ҳудуди 4 ҳазор тоҷик кор мекунанд.

Густариши коронавирус ва карантини саросарӣ дар Русия зиндагии бе ин ҳам сахти муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро дар ин кишвар сахттар кард. Хонаводаҳое, ки аксарият барои таъмини зиндагӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ омада, дар давраи пандемия дар хона банд монданд ё маоши кам гирифтанд, дар ҳолати ногувор қарор гирифтанд.

XS
SM
MD
LG