Ссылки доступа

Маъракаи байналмилалӣ бо талаби озодии фаъоли мадании қазоқ Асия Тулесова


Созмони байналмилалии CIVICUS созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои гуногунро муттаҳид месозад.

Номи фаъоли мадании қазоқ Асия Тулесоваро, ки баъди боздошти даҳҳо иштирокчии тазоҳуроти 6 июн дар шаҳрҳои Қазоқистон ба ҳабс гирифта шуд, ба маъракаи байналмилалии талаби раҳоии ҳомиёни ҳуқуқи зиндонӣ шомил карданд.

Созмони CIVICUS дар саҳифаи маъракаи "Stand As My Witness" (Шоҳиди ман шав) ба хоҳишмандон тавсия додааст, ки бо талаби раҳоии Тулесова аз ҳабс ба унвони мақомоти Қазоқистон нома фиристанд.

​CIVICUS қаблан Қазоқистонро ба рӯйхати кишварҳои панҷгонае шомил кард, ки дар онҳо фаъолони маданӣ таъқиб мешаванд. Ин рӯйхат шомили Миср, Чин, Колумбия ва Гвинея аст.

Мақомоти қазоқ Асия Тулесова​ро ба он айбдор мекунанд, ки ҳангоми боздошти иштирокдорони тазоҳуроти 6 июн дар шаҳри Алмато корманди пулисро "таҳқир" ва зиддаш "аз нерӯ истифода" кардааст. Додгоҳи Медеу 7 июл баррасии парвандаи ҷиноии Тулесоваро оғоз ва дархости вакилони дифоъ барои озод кардани ӯ аз ҳабси пешакиро рад кард.

Созмонҳои бонуфузи байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Қазоқистон талаб доранд, ки Тулесоваро озод кунанд, зеро ба гуфтаи онҳо, ӯ беасос дастгир шудааст.

XS
SM
MD
LG