Ссылки доступа

Ӯзбекистон беш аз 2000 муҳоҷири дармондаашро ба ватан баргардонд


Ӯзбекистон шаҳрвандони худро, ки дар вилоятҳои Самара ва Оренбург, дар марзи Русия бо Қазоқистон дармондаанд, ба ватан баргардонд.

Консули Ӯзбекистон Меҳриддин Хайриддинов ба хабаргузории "Фарғона" гуфтааст, бештари дармондаҳо муҳоҷирони корие буданд, ки дар натиҷаи ҳамагир шудани коронавирус бе ҷои кор монда, натавонистаанд сари вақт ба ватан баргарданд.

15 июл тавассути қатораи нахустин 700 ӯзбекистонӣ ба ватан интиқол ёфта, рӯзи 16 июл муҳоҷирони боқӣ фиристода шуданд. Ҷамъан аз 2 ҳазору 500 ӯзбекистонӣ 2 ҳазору 100 нафар тавассути қатора ба ватан баргардонида хоҳанд шуд. Беш аз 400 ӯзбекистонии дигар, ки бо мошинҳои худ дар марзи Русия бо Қазоқистон ҷамъ шуда буданд, розӣ нашудаанд, тавассути қатора баргарданд.

Хайриддинов аз ӯзбекистониҳо даъват карда, ки ба "ҳангомаҳо" дода нашаванд ва ҳукумати он кишвар мушкили баргардонидани шаҳрвандони худ ба ватанро ҳал хоҳад кард.

"Вале набояд аз вазъ сӯистифода карда, дар назди марз ҷамъ шавед. Фикр накунед, ки дар назди марз ҷамъ шудед, сипас ба шумо таваҷҷуҳ хоҳанд кард. Ин ғалат аст", - афзуд консули ӯзбек.

Ин маъракаи дувуми баргардонидани муҳоҷирони ӯзбек аз марзҳои Русия ба ватан аст. Мақомоти Ӯзбекистон рӯзҳои 18 ва 19 май низ 1 ҳазору 200 шаҳрванди худро аз вилояти Самара ба ватан бурда буданд.

XS
SM
MD
LG