Ссылки доступа

Дар Қазоқистон 51 табиб аз COVID-19 фавтидааст


Дар Қазоқистон аз аввали пайдоиши коронавирус то ба ҳол 51 табиб бар асари мубталошавӣ ба он фавтидааст.

Дар ин бора раиси кумитаи назорати сифату бехатарии мол ва хидматрасонии Вазорати тандурустии Қазоқистон Темур Султонғозиев 16 июл дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

"Бино ба маълумоти мо, мутаассифона 51 табиб фавтидааст. Ба наздикону пайвандони ҳамкоронамон ҳамдардӣ баён мекунем", - изҳор дошт Султонғозиев.

Султонғозиев натавонист ба суол дар бораи он ки дар ҳоли ҳозир чанд табиби қазоқ ба коронавирус мубтало шудааст, посух бигӯяд. Ҳамчунин нагуфт, ки чи қадари наздикони табибони фавтида тавонистаанд, ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 10 миллион танга (ҳудуди 24,2 ҳазор доллар)-ро аз Бунёди давлатӣ дарёфт кунанд.

Мақомоти қазоқ баъди сабти нахустин ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ваъда доданд, ки ба кормандони тиб изофапулӣ пардохт мешавад. Ҳамчунин ҳукумати Қазоқистон гуфт, агар табибе ба коронавирус мубтало шавад, ҷубронпулии якдафъаина дар ҳаҷми 2 миллион танга дарёфт мекунад ва дар сурати фавт ба наздиконаш 10 млн танга пардохт хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG