Ссылки доступа

Мақомоти қирғиз овозаи паҳн кардани коронавирус тавассути антеннаҳои 5G-ро беасос номиданд


Дар маҳаллаи "Тунгуч"-и шаҳри Бишкеки Қирғизистон 17 июл мизони радиатсионии таҷҳизоти алоқаи мобилиро андозагирӣ карданд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии Кумитаи давлатии технологияи иттилоотӣ ва алоқаи Қирғизистон хабар дод.

Ба гуфтаи масъулони кумита, андозагирӣ дар пасманзари афзоиши хабарҳо дар бораи он ки гӯиё таҷҳизоти алоқаи мобилӣ, аз ҷумла технологияи 5G ба саломатии инсон зарар мерасонад, сурат гирифтааст.

Дар кумита гуфтанд, ки технологияи 5G дар Қирғизистон зарарасон нест ва кӯшиши тахриби иншооти иртиботот метавонад тамоми ноҳия ва минтақаҳои аҳолинишинро аз алоқаи мобилӣ маҳрум созад.

Ба иттилои кумита, мизони радиатсионии истгоҳҳои алоқаи мобилӣ ба андозаи таҷҳизоти дигар, аз қабили радио, телевизион ва Wi-Fi аст.

Дар пасманзари ҳамагир шудани коронавирус дар шабакаҳои иҷтимоии Қирғизистон хабарҳое нашр шуд, ки гӯиё дар доираи як "созиши ҷаҳонӣ" сокинонро тавассути антенна ё мавҷпароканҳои 5G ба вирус олуда месозанд.

XS
SM
MD
LG