Ссылки доступа

$1500 - харҷи транзити ҳар шаҳрванди дармондаи Русия тавассути Қазоқистон


Мақомоти Қазоқистон ба шаҳрвандони Русия иҷозат доданд, ки бо мошинҳои худ аз Тоҷикистон тавассути ин кишвар ба хонаҳояшон баргарданд.

Аксари ин дармондаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, ки шиносномаи русӣ доранд. Онҳо дар миёнаҳои моҳи июн бо мошинҳои худ ба назди марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон рафта буданд. Ба огаҳии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мақомоти Русия дар робита ба шароити транзит бо ҳамтоёни ӯзбеку қазоқи худ созиш кардаанд.

Ба иттилои сомонаи консулгарии Русия дар шаҳри Хуҷанд, арзиши ин гуна транзит барои 1 мошини сабукрав 1500 доллар аст. Мошинҳоро дар боркашҳо ва ронандагону мусофиронро бо автобус интиқол медиҳанд. Тавассути Ӯзбекистон ронандагон метавонанд бо мошини худ бар ивази пардохти 40 доллар ва дар ҳамроҳии кормандони пулис убур кунанд.

Бино ба гуфтаи дипломатҳо, аз ин транзит онҳо (ронандагону мусофирон)-е метавонанд истифода кунанд, ки шиносномаи хориҷии Русияро доранд ва рақами мошинҳояшон низ русиягӣ аст.

Консулгарии Русия гуфтааст, арзиш ва тартиби транзит тавассути Ӯзбекистону Қазоқистонро назорат намекунад. Шаҳрвандон бояд худ ширкатҳои ҳамлу нақлро интихоб кунанд.

Шаҳрвандони дармонда пештар гуфта буданд, бо вуҷуди ташкили парвозҳои махсуси ҷониби Русия барои интиқоли шаҳрвандонаш ба ватан боз шудани роҳи заминиро мунтазир буданд, зеро пули билет гарон - 400 евро аст ва ҳамчунин бархе аз онҳо бо мошинҳояшон ҳастданд.

XS
SM
MD
LG