Ссылки доступа

Ӯзбекистониҳое, ки дар хона аз коронавирус табобат мешаванд, доруҳоро ройгон дарёфт мекунанд


Дар Ӯзбекистон мубталоёни коронавирус, ки дар хона табобат мегиранд, доруи ройгон дарёфт хоҳанд кард.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, дар ин бора дар ҷаласаи ахири комиссияи махсуси давлатии мубориза бо коронавирус ба раҳбарии сарвазир Абдулло Орипов қабул шудааст.

Дар ҷаласа ҳамчунин рӯйхати доруҳое таҳия ва тасдиқ шудааст, ки беморон ройгон дарёфт мекунанд.

Ҳаминтариқ ба мубталоёни коронавирус, ки дар хона аз шакли сабуки беморӣ табобат мешаванд, доруҳои "гидроксихлороксин", "азитромитсин", "паратсетамол", "витамин С" ва ниқобҳои якдафъаина ройгон дода мешавад.

XS
SM
MD
LG