Ссылки доступа

Дар Қазоқистон доруи "Преднизолон" ноёфт шуд (видео)


В аптеках Казахстана пропал преднизолон. Виноват COVID-19 или действия властей?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:45 0:00

Дар дорухонаҳои Қазоқистон доруи "Преднизолон", ки барои табобати шахсони мубтало ба бемориҳои аутоиммунӣ (худэминӣ) лозим аст, ноёфт шуд.

Преднизолон ахиран ба рӯйхати доруҳое шомил карда шуда буд, ки дар табобати мубталоёни коронавирус истифода мешаванд. Дар натиҷа талабот ба он якбора афзоиш ёфта, ҳоло беморони аутоиммунӣ аз Вазорати тандусрустии Қазоқистон барои дарёфти он кумак хостаанд.

"Ман аз ин дору як рӯз пас 8-қурсӣ истеъмол мекунам. Боз одамҳое ҳастанд, ки 12-қурсӣ истифода мебаранд. Он дар нафаскашӣ ба мо кумак мекунад", - мегӯяд Оринтой Капенова, маъюби гуруҳи дувум аз шаҳри Нурсултон. Ба гуфтаи ӯ, агар мубталоёни ин навъи бемориҳо доруи мазкурро наёбанд, "ҳамагӣ чанд рӯз зинда хоҳанд монд".

"17 сол мешавад, ки доруи мазкурро истифода мебарам. Он барои мо ҳаётан муҳим гашааст. Агар як рӯз истеъмол накунем, эҳтимол аст, ягон узви бадан аз кор монад", - изҳор медорад Анор Ҳомидова, бемори дигар.

XS
SM
MD
LG