Ссылки доступа

Маҷмааи "Ӯзэкспосентр" ба маҳалли қабули мубталоёни коронавирус табдил дода шуд


Маҷмааи намоишгоҳии "Ӯзэкспосентр"-и шаҳри Тошкандро ба маҳалли расонидани ёрии аввалияи тиббӣ барои мубталоёни коронавирус табдил медиҳанд.

Ин иқдом бо ташаббуси шаҳрдори пойтахти Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев сурат мегирад, ки ахиран аз сӯи президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев барои дар шакли зарурӣ пешгирӣ накардан аз паҳншавии коронавирус танбеҳи ҷиддӣ гирифт.

Ба огаҳии Додситонии кулли Ӯзбекистон, додситони кул Неъматулло Юлдошев ва Ортиқхоҷаев бо шароити "Ӯзэкспотсентр" ошно шудаанд.

Тамоми харҷҳои табдили намоишгоҳ ба маҳалли қабули беморон аз пули буҷаи шаҳр хоҳад буд.

Видеои ташкил кардани катҳо барои беморон дар майдони маҷмаа дар гуруҳҳои гуногуни Телеграм нашр шудааст.

То 20 июл дар Ӯзбекистон шумори умумии мубталоён ба коронавирус ба 16 752 расидааст. Вале нозирони умур мегӯянд, эҳтимол дорад, шумори воқеии беморон бештар аз омори расмӣ бошад.

XS
SM
MD
LG