Ссылки доступа

Шаҳрдории Тошканд 27 мошини нави "ёрии таъҷилӣ" харид


Шаҳрдории Тошканди Ӯзбекистон барои беморхонаҳои пойтахти Ӯзбекистон 27 мошини нави "ёрии таъҷилӣ" харидорӣ намуд.

Пештар хабар дода шуд, ки корхонаи SamAuto истеҳсоли мошинҳои "ёрии таъҷилӣ"-ро дар асоси ISUZU D-Max оғоз кардааст.

Ҳафтаи гузашта додситони кулли Ӯзбекистон Неъматулло Юлдошев хабар дод, ки бо дастури президент Шавкат Мирзиёев хадамоти ёрии таъҷилӣ дар ин кишвар беҳтар карда мешавад. Ба зангҳо сари вақт ҷавоб медиҳанд ва мошинҳои "ёрии таъҷилӣ" ба маҳалли даъват бояд дар давоми 15 дақиқа бирасанд.

Хадамоти "ёрии таъҷилӣ"-и Тошканд баъди ваъдаи додситони кул гуфт, дар мубориза бо коронавирус ба корманд ва сармоя ниёз дорад.

XS
SM
MD
LG